Соқиё, дар нӯш овар шираи анқудро

Соқиё, дар нӯш овар шираи анқудро,¹
Дар сабӯҳ овар сабук мастони хоболудро!

Як ба як дар об афкан ҷумла тарру хушкро,
Андар оташ имтиҳон кун чӯброву удро!

Сӯйи шӯристон равон кун шохе аз оби ҳаёт,
Чун гули насрин бихандон хори ғамфарсудро!

Булбулонро маст гардон, мутрибонро шергир,
То ки дарсозанд бо ҳам нағмаи Довудро!

Бод паймо, бодпаймоёни худро об диҳ,
Кӯрии он ҳирси афзунҷӯйи кампаймудро!

Ҳам бизан бар софиён он дурди дардангезро,
Ҳам бихур бо сӯфиён полудаи бедурдро!

Май маёвар, з-он биёвар, ки май аз вай ҷӯш кард,
Он ки ҷӯшаш дар вуҷуд овард ҳар мавҷудро!

З-он майе, к-андар ҷабал андохт сад рақсулҷамал,
З-он майе, к-ӯ равшанӣ бахшад дили мардудро!

Ҳар сабоҳе ид дорем аз ту, хоса ин сабӯҳ,
К-аз карам бар май фишонӣ бодаи мавъудро!

Барфишон чандон, ки мо афшонда гардем аз вуҷуд,
То ки ҳар қосид биёбад дар фано мақсудро!

Ҳамчу обе дида дар худ офтобу моҳро,
Чун Аёзе дида дар худ ҳастии Маҳмудро!

Шамси Табрезӣ, барор аз чоҳи мағриб машриқе,
Ҳамчу субҳе, к-ӯ барорад ханҷари мағмудро.


¹ Хӯшаи ангур.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.