Ай ҳавасҳои дилам, боре биё, рӯе намо

Ай ҳавасҳои дилам, боре биё, рӯе намо,
Ай муроду ҳосилам, боре биё, рӯе намо!

Мушкилу шӯридаам чун зулфи ту, чун зулфи ту,
Ай кушоди мушкилам, боре биё, рӯе намо!

Аз раҳу манзил магӯ, дигар магӯ, дигар магӯ,
Ай ту роҳи манзилам, боре биё, рӯе намо!

Даррабудӣ аз замин як мушти гил, як мушти гил,
Дар миёни он гилам, боре биё, рӯе намо!

То зи некиву бадӣ ман воқифам, ман воқифам,
Аз ҷамолат ғофилам, боре биё, рӯе намо!

То насӯзад ақли ман дар ишқи ту, дар ишқи ту,
Ғофилам, не оқилам, боре биё, рӯе намо!

Шаҳ Салоҳуддин, ки ту ҳам ҳозирӣ, ҳам ғойибӣ,
Ай аҷубай восилам, боре биё, рӯе намо!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.