Биравед, ай ҳарифон, бикашед ёри моро

Биравед, ай ҳарифон, бикашед ёри моро,
Ба ман оваред охир санами гурезпоро!

Ба баҳонаҳои ширин, ба таронаҳои заррин
Бикашед сӯйи хона маҳи хуби хушлиқоро!

Вагар ӯ ба ваъда гӯяд, ки даме дигар биёям,
Ҳама ваъда макр бошад, бифиребад ӯ шуморо!

Дами сахт гарм дорад, ки ба ҷодуиву афсун
Бизанад гираҳ бар об ӯву бибандад ӯ ҳаворо!

Ба муборакиву шодӣ чу нигори ман дарояд,
Бинишин, назора мекун ту аҷоиби Худоро!

Чу ҷамоли ӯ битобад, чӣ бувад ҷамоли хубон,
Ки рухи чу офтобаш бикушад чароғҳоро!

Бирав, ай дили сабукрав, ба Яман, ба дилбари ман,
Бирасон салому хидмат ту ақиқи бебаҳоро!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.