GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Ҳофизи Шерозӣ 152. Дар азал партави ҳуснат зи таҷалло дам зад

Дар азал партави ҳуснат зи таҷалло дам зад,
Ишқ пайдо шуду оташ ба ҳама олам зад.

Ҷилвае кард рухат, дид малак ишқ надошт,
Айни оташ шуд аз ин ғайрату бар Одам зад.

Ақл мехост, к-аз он шӯъла чароғ афрӯзад,
Барқи ғайрат бидурахшиду ҷаҳон барҳам зад.

Муддаӣ хост, ки ояд ба тамошогаҳи роз,
Дасти ғайб омаду бар синаи номаҳрам зад.

Дигарон қуръаи қисмат ҳама бар айш заданд,
Дили ғамдидаи мо буд, ки ҳам бар ғам зад.

Ҷони улвӣ ҳаваси чоҳи занахдони ту дошт,
Даст дар ҳалқаи он зулфи хам андар хам зад.

Ҳофиз он рӯз тарабномаи ишқи ту навишт,
Ки қалам бар сари асбоби дили хуррам зад.

Ҳофизи Шерозӣ 153. Саҳар чун хусрави ховар алам бар кӯҳсорон зад
Ҳофизи Шерозӣ 154. Роҳе бизан, ки оҳе бар сози он тавон зад
Ҳофизи Шерозӣ 155. Агар равам зи паяш, фитнаҳо барангезад
Ҳофизи Шерозӣ 156. Ба ҳусну хулқу вафо кас ба ёри мо нарасад
Ҳофизи Шерозӣ 157. Ҳар киро бо хати сабзат сари савдо бошад
Ҳофизи Шерозӣ 158. Ману инкори шароб? Ин чӣ ҳикоят бошад?
Ҳофизи Шерозӣ 159. Нақди сӯфӣ на ҳама софии беғаш бошад
Ҳофизи Шерозӣ 160. Хуш аст хилват агар ёр ёри ман бошад
Ҳофизи Шерозӣ 161. Кай шеъри тар ангезад, хотир, ки ҳазин бошад
Ҳофизи Шерозӣ 162. Хуш омад гул в-аз он хуштар набошад
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР