Омад баҳори ҷонҳо, ай шохи тар, ба рақс о

Омад баҳори ҷонҳо, ай шохи тар, ба рақс о,
Чун Юсуф андаромад, Мисру шакар ба рақс о!

Ай шоҳи ишқпарвар, монанди шири модар,
Ай шири ҷӯш дар рӯ, ҷони падар, ба рақс о!

Чавгони зулф дидӣ, чун гӯй даррасидӣ,
Аз пову сар буридӣ, бепову сар ба рақс о!

Аз ишқи тоҷдорон дар чархо чу борон,
Он ҷо қабо чӣ бошад?! Ай хушкамар, ба рақс о!

Дар даст ҷоми бода, омад бутам пиёда,
Гар нестӣ ту мода, з-он шоҳи нар ба рақс о!

Поёни ҷанг омад, овози чанг омад,
Юсуф зи чоҳ омад, ай беҳунар, ба рақс о!

То чанд ваъда бошад в-ин сар ба саҷда бошад,
Ҳиҷрам бибурда бошад?! Рангу асар, ба рақс о!

Кай бошад он замоне, гӯяд маро фалонӣ,
К-ай бехабар фано шав, ай бехабар, ба рақс о!

Товуси мо дарояд в-он рангҳо барояд,
Бо мурғи ҷон сарояд, беболу пар ба рақс о!

Кӯру карони олам дид аз Масеҳ марҳам,
Гуфта Масеҳи Марям, к-ай кӯру кар, ба рақс о!

Махдум Шамси дин аст, Табрез рашки Чин аст,
Андар баҳори ҳуснаш шоху шаҷар ба рақс о!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.