Чанд гурезӣ зи мо, чанд равӣ ҷобаҷо?!

Чанд гурезӣ зи мо, чанд равӣ ҷобаҷо?!
Ҷони ту дар дасти мост ҳамчу гулӯйи асо!

Чанд бикардӣ тавоф гирди ҷаҳон аз газоф?!
З-ин рамайи пур зи лоф ҳеч ту дидӣ вафо?!

Рӯз ду-сеӣ заҳир, гирди ҷаҳон гашта гир,
Ҳамчу сагон мурда гир гурсунаву бенаво!

Мурдадилу мурдаҷӯ чун писари мурдашӯ,
Аз кафани мурдаест дар тани ту он қабо!

Зинда надидӣ, ки то мурда намояд туро,
Чанд кашӣ дар канор сурати гармобаро?!

Домани ту пурсафол, пеши ту он зарру мол,
Боварам он гаҳ кунӣ, кай аҷал орад фано?!

Гӯйӣ, ки зарри куҳан ман чӣ кунам, бахш кун,
Ман ба само меравам, нест дар он ҷо раво!

Ҷуғд найӣ, булбулӣ, аз чӣ дар ин манзилӣ?!
Боғу чаманро чӣ шуд, сабзаву сарву сабо?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.