Чу андарояд ёрам, чи хуш бувад, ба Худо

Чу андарояд ёрам, чи хуш бувад, ба Худо,
Чу гирад ӯ ба канорам, чи хуш бувад, ба Худо!

Чу шер панҷа ниҳад бар шикастаоҳуи хеш,
Ки, ай азиз, шикорам чи хуш бувад, ба Худо!

Гурезпойи раҳашро кашон-кашон бибаранд
Бар осмони чаҳорум, чи хуш бувад, ба Худо!

Бад-он ду наргиси масташ азим махмурам,
Чу бишкананд хуморам, чи хуш бувад, ба Худо!

Чу ҷони зори балодида бо Худо гӯяд,
Ки ҷуз ту ҳеч надорам,чи хуш бувад, ба Худо!

Ҷавобаш ояд аз он сӯ, ки ман туро пас аз ин
Ба ҳеч кас нагузорам, чи хуш бувад, ба Худо!

Шаби висол биёяд, шабам чу рӯз шавад,
Ки рӯзу шаб нашуморам, чи хуш бувад, ба Худо!

Чу гул шукуфта шавам дар висоли гулрухи хеш,
Расад насими баҳорам, чи хуш бувад, ба Худо!

Биёбам он шакаристони бениҳоятро,
Ки бурд сабру қарорам, чи хуш бувад, ба Худо!

Амонате, ки ба нуҳ чарх дарнамегунҷад,
Ба мустаҳиқ бисупорам, чи хуш бувад, ба Худо!

Харобу маст шавам дар камоли бехешӣ,
На бидравам, на бикорам, чи хуш бувад, ба Худо!

Ба гуфт ҳеч наоям, чу пур бувад даҳанам,
Сари ҳадис нахорам, чи хуш бувад, ба Худо!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.