Ҳала, ай киё, нафасе биё

Ҳала, ай киё, нафасе биё,
Дари айшро сара баркушо!

Ин фалон чи шуд, он фалон чи шуд,
Набувад маро сари моҷаро!

Наҳилад касе сари зулфи ӯ,
Нараҳад диле зи чунин лиқо!

Накунад касе зи хушӣ сафар,
Наравад касе зи чунин саро!

Биҳил ин ҳама, бидиҳ он қадаҳ,
Ки шунидаам карами шумо!

Қадаҳе, ки он пури дил шавад,
Бипарад дилам ба суйи само!

Хамуш, ин нафас дами дил мазан,
Ки фидои ту дилу ҷони мо!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.