Ту ҷону ҷаҳонӣ, каримо, маро

Ту ҷону ҷаҳонӣ, каримо, маро,
Чи ҷону ҷаҳон?! Аз куҷо то куҷо?!

Ки ҷон худ чи бошад бари ошиқон,
Ҷаҳон худ чи бошад бари авлиё?!

На бар пушти говест ҷумла замин,
Ки дар марғзори ту дорад чаро!

Дар он корвонӣ, ки кулли замин
Яке говбор асту ту раҳнамо!

Дар анбори фазли ту бас донаҳост,
Ки он нашканад зери ҳафт осиё!

Ту дар чашми наққошу пинҳон зи чашм,
Зиҳӣ чашмбанду зиҳӣ симиё!¹

Туро оламе ғайри ҳаҷдаҳ ҳазор,
Зиҳӣ кимиёву зиҳӣ кибриё!

Яке байти дигар бар ин қофия
Бигӯям, басе вом дорам туро,

Ки магзорад ин вомро ҷуз фақир,
Ки фақр аст дарёи дурру вафо!

Ғанӣ аз бахилӣ ғанӣ мондааст,
Фақир аз саховат, фақир аз сахо!


¹ Як навъи илми хуфя, ки иродаи инсонро заъиф созад.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.