Сад дуҳул мезананд дар дили мо

Сад дуҳул мезананд дар дили мо,
Бонги он бишнавем мо фардо!

Пунбадаргӯшу мӯйдарчашм аст
Ғами фардову васвасай савдо!

Оташи ишқ зан дар ин пунба
Ҳамчу Ҳаллоҷу ҳамчу аҳли сафо!

Оташу пунбаро чӣ медорӣ?!
Ин ду зидданду зид накард бақо!

Чун мулоқоти ишқ наздик аст,
Хушлиқо шав барои рӯзи лиқо!

Марги мо шодиву мулоқот аст,
Гар туро мотам аст, рав з-ин ҷо!

Чунки зиндони мост ин дунё,
Айш бошад хароби зиндонҳо!

Он ки зиндони ӯ чунин хуш буд,
Чун бувад маҷлиси ҷаҳоноро?!

Ту вафоро маҷӯ дар ин зиндон,
Ки дар ин ҷо вафо накард вафо!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.