Гӯши ман мунтазир паёми туро

Гӯши ман мунтазир паёми туро,
Ҷон ба ҷон ҷуста як саломи туро!

Дар дилам хуни шавқ меҷӯшад,
Мунтазир бӯйи ҷӯши ҷоми туро!

Ай зи шириниву диловезӣ
Дона ҳоҷат набуда доми туро!

Карда шоҳон нисори тоҷу камар
Мар қабои камин ғуломи туро!

З-аввали ишқ ман гумон бурдам,
Ки тасаввур кунам хитоми туро!

Силсилам кун, ба пойи уштур банд,
Ман тамаъ кай кунам ситоми¹ туро?!

Он ки шире зи лутфи ту хӯрдаст,
Марг бинад, яқин, фитоми² туро!

Бар ҳақи он забони кошифи ғайб,
Ки ба гӯшам расон паёми туро!

Ба ҳақи он саройи давлатбахш,
Бинамоям зи дур боми туро!

Гар сар аз саҷдаи ту суд кунад,
Чи зиён аст лутфи оми туро?!

Шамси Табрез, ин дилошуфта
Бар ҷигар бастааст номи туро!


¹ Зину лаҷот.
² Аз шири модар ҷудо кардани кӯдак.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.