Саъдии Шерозӣ

Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 25

Яке аз мулуки араб мутааллиқони девонро фармуд, ки марсуми фалонро, чандон ки хаст, мазоаф кунед, ки мулозими даргоҳ, асту мутарассиди фармон ва дигар хидматгорон ба лаҳву лааб машғуланд ва дар адои хидмат мутаҳовин.

Соҳибдиле бишниду гуфт:

- Маротиби бандагон ба даргоҳи Худои таоло ҳамин мисол дорад.

Ду бомдод агар ояд касе ба хидмати шоҳ,
Сеюом, ҳароина, дар вай кунад ба лутф нигоҳ.
Умед ҳаст парастандагони мухлисро,
Ки ноумед нагарданд аз остони Илоҳ.

* * *

Меҳтарӣ дар қабули фармон аст,
Тарки фармон далели ҳирмон аст.
Хар кӣ симои ростон дорад,
Сари хидмат бар остон дорад.