Чанд ниҳон дорӣ он хандаро

Чанд ниҳон дорӣ он хандаро,
Он маҳи тобондаи фархундаро?!

Банда кунад рӯйи ту сад шоҳро,
Шоҳ кунад хандаи ту бандаро!

Ханда биёмӯз гули сурхро,
Ҷилва кун он давлати пояндаро!

Баста бад - он аст дари осмон,
То бикушад чун ту кушояндаро!

Дидайӣ қаттори шутурҳои маст!?
Мунтазиронанд кашонандаро!

Зулф барафшону дар он ҳалқа каш
Ҳалқи дусад ҳалқарабояндаро!

Рӯзи висол асту санам ҳозир аст,
Ҳеч мапо муддати ояндаро!

Ошиқи захма-ст дафи сахтрӯ,
Майли лаб аст он найи ноландаро!

Бар рухи даф чанд тапонча бизан,
Дам диҳ он нойи сиголандаро!

В - ар ба тамаъ нола барорад рубоб,
Хуш бикушо он кафи бахшандаро!

Айб макун, гар ғазал абтар бимонд,
Нест вафо хотири паррандаро!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.