Дод диҳӣ соғару паймонаро

Дод диҳӣ соғару паймонаро,
Моя диҳӣ маҷлису майхонаро!

Маст кунӣ наргиси махмурро,
Пеш кашӣ он бути дурдонаро!

Ҷуз зи худовандии ту кай расад
Сабру қарор ин дили девонаро?!

Теғ баровар, ҳала, ай офтоб,
Нур диҳ ин гӯшаи вайронаро!

Қоф туйӣ маскани Симурғро,
Шамъ туйӣ ҷони чу парвонаро!

Чашмаи ҳайвон бикушо ҳар тараф,
Нақд кун он қиссаву афсонаро!

Маст кун, ай соқиву дар кор каш
Ин бадани кофари бегонаро!

Гар накунад ром чунин девро,
Пас, чи шуд он соғари мардонаро?!

Ними дилеро ба чи орад, ки ӯ
Паст кунад сад дили фарзонаро?!

Аз пагаҳ имрӯз чи хуш маҷлисест
Он санами фитнаву фаттонаро!

Бишканад он чашми ту сад аҳдр,
Маст кунад зулфи ту сад шонаро!

Як нафасе бом баро, ай санам,
Рақс дарор устуни ҳаннонаро!

Шарҳи фатаҳнову ишороти он,
Қуфл бигӯяд сири дандонаро!

Шоҳ бигӯяд, шунавад пеши ман,
Тарк кунам гуфти ғуломонаро!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.