Гар бинахусбӣ шабе, ай маҳлиқо

Гар бинахусбӣ шабе, ай маҳлиқо,
Рӯ ба ту бинмояд ганҷи бақо!

Гарм шавӣ шаб ту ба хуршеди ғайб,
Чашми туро боз кунад тӯтиё!

Имшаб истеза куну сар маниҳ,
То ки бибинӣ зи саъодат ато!

Ҷилвагаҳи ҷумла бутон дар шаб аст,
Нашнавад он кас, ки бихуфт, ассало!

Мӯсии Имрон на ба шаб дид нур?!
Сӯйи дарахте, ки бигуфташ: "Биё!".

Рафт ба шаб беш зи даҳсола роҳ,
Дид дарахте ҳама ғарқи зиё.

Не, ки ба шаб Аҳмад миъроҷ рафт,
Бурд Буроқеш ба сӯйи само!

Рӯз пайи касбу шаб аз баҳри ишқ,
Чашми баде то ки набинад туро!

Халқ бихуфтанд, вале ошиқон
Ҷумлаи шаб қиссакунон бо Худо!

Гуфт ба Довуд Худои карим:
«Ҳар ки кунад даъвии савдои мо,

Чун ҳама шаб хуфт, бувад он дурӯғ,
Хоб куҷо ояд мар ишқро?!

З-он ки бувад ошиқ хилватталаб,
То ғами дил гӯяд бо дилрабо!

Ташна нахусбид магар андаке,
Ташна куҷо, хоби гарон аз куҷо?!

Чунки нахусбид, ба хоб об дид
Ё лаби ҷӯ, ё ки сабӯ, ё сақо!.

Ҷумлаи шаб мерасад аз Ҳақ хитоб:
«Хез, ғанимат шумар, ай бенаво!

Варна пас аз марг ту ҳасрат хурӣ,
Чунки шавад ҷони ту аз тан ҷудо!

Ҷуфт бибурданду замин монд хом,
Ҳеч надорад ҷази хору гиё!

Ман шудам аз дасти ту, боқӣ бихон,
Маст шудам, сар нашиносам зи по!

Шамси ҳақи мафхари табрезиён,
Бастам лабро, ту биё, баркушо!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.