Пеш каш он шоҳи шаккархонаро

Пеш каш он шоҳи шаккархонаро,
Он гуҳари равшани дурдонаро!

Он шаҳи фаррухрухи бемислро,
Он маҳи дарёдили ҷононаро!

Рӯҳ диҳад мурдаи пӯсидаро,
Миҳр диҳад синаи бегонаро!

Домани ҳар хор пур аз гул кунад,
Ақл диҳад каллаи девонаро!

Дар хиради тифли дурӯза ниҳад,
Он чи набошад дили фарзонаро!

Тифли кӣ бошад, ту магар мункирӣ
Арбадаи устуни ҳаннонаро?

Маст шавиву шаҳи мастон шавӣ,
Чунки бигардонад паймонаро!

Бехудаму масту парокандамағз,
Варна накӯ гӯям афсонаро!

Бо ҳама, бишнав, ки бибояд шунуд
Қиссаи ширини ғарибонаро!

Бишканад он рӯй дили моҳро,
Бишканад он зулф дусад шонаро!

Қиссаи он чашм кӣ ёрад гузорд?!
Соҳири соҳиркуши фаттонаро?!

Бинад чашмаш, ки чӣ хоҳад шудан
То абаду бинад пешонаро!

Роз магӯ, рав, аҷамӣ соз хеш,
Ёд кун он хоҷаи улёнаро!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.