Ай дар ғами ту ба сӯзу ёраб

Ай дар ғами ту ба сӯзу ёраб
Бигрӣста осмон ҳама шаб!

Гар чарх бигиряду бихандад,
Он ҷазбаи хок бошад ағлаб!

Азбаски бирехт ашк бар хок,
Шуд хок зи ашки ӯ мутайяб!¹

Аз гиряи осмон даромад
Сад боғ ба хандаи музаҳҳаб!²

Ман будаму чарх дӯш гирён,
Ӯрову маро якест мазҳаб!

Аз гиряи осмон чӣ рӯяд?!
Гулҳову бунафшаи мураттаб!

В - аз гиряи ошиқон чӣ рӯяд?!
Сад миҳр даруни он шакарлаб!

Он чашм ба гиря мефишорад,
То бифшорад нигор ғабғаб!

Ин гиряи абру хандаи хок
Аз баҳри ману ту шуд мураккаб!

В - ин гиряи мову хандаи мо
Аз баҳри натиҷа шуд мураттаб!

Хомӯш куну назора мекун
Андар талаби ҷаҳону матлаб!


¹ Атрбез, хушбӯ.
² Пуртароват, тару тоза.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.