Ба ҷони ту, ки марав аз миёни кор, махусб

Ба ҷони ту, ки марав аз миёни кор, махусб,
Зи умр як шаб кам гиру зинда дор, махусб!

Ҳазор шаб ту барои ҳавои худ хуфтӣ,
Яке шабе, чӣ шавад, аз барои ёр махусб!

Барои ёри латифе, ки шаб намехусбад,
Мувофақат куну дилро бад-ӯ супор, махусб!

Битарс аз он шаби ранҷурие, ки ту то рӯз
Фиғону «ёрабу ёраб» кунӣ ба зор, махусб!

Шабе, ки марг биёяд, «фунуқ карак»¹⁹ гӯя,
Ба ҳаққи талхии он шаб, ки раҳ супор, махусб!

Аз он залозили ҳайбат, ки санг об шавад,
Агар ту санг найӣ, он ба ёд ор, махусб!

Агарчи зангии шаб сахт соқи чуст аст,
Магир ҷоми ваю тарс аз он хумор, махусб!

Худой гуфт, ки шаб дӯстон намехусбанд,
Агар хиҷил шудаӣ з-ину шармсор, махусб!

Битарс аз он шаби сахти азими безинҳор,
Захира соз шаберову зинҳор махусб!

Шунидайӣ, ки миҳон комҳо ба шаб ёбанд,
Барои ишқи шаҳаншоҳи комёр махусб!

Чу мағз хушк шавад, тозамағзият бахшад,
Ки ҷумла мағз шавӣ, ай умедвор, махусб!

Ҳазор борат гуфтам хамӯшу судат нест,
Яке биёру иваз гир сад ҳазор, махусб!


¹ Миҳмон, мусофир.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.