Рубоб мушриби ишқ асту мӯниси асҳоб

Рубоб мушриби ишқ асту мӯниси асҳоб,
Ки абрро арабон ном кардаанд рубоб!

Чунон ки абр сақои гулу гулистон аст,
Рубоб қути замир асту соқии албоб!

Дар оташе ба даме шӯълаҳо барафрӯзад,
Ба ҷуз ғубор нахезад, чу дардамӣ ба туроб!

Рубоб даъвати боз аст сӯйи шаҳ, боз о,
Ба табл бознаёяд ба сӯйи шоҳ ғуроб!

Кушойиш гираҳи мушкилоти ушшоқ аст,
Чу мушкиле-ш набошад, чи дархур аст ҷавоб?!

Ҷавоби мушкили ҳайвон гиёҳ омаду коҳ,
Ки тухми шаҳвати ӯ шуд хамирмояи хоб!

Хар аз куҷову дами ишқи исавӣ зи куҷо
Ки ин кушод надодаш муфаттиҳулабвоб?!

Ки ишқ хилъати ҷон асту тавқи каррамно
Барои мулки висолу барои рафъи ҳиҷоб!

Ба бонги ӯ ҳама дилҳо ба як муҳим оянд,
Нидои Раб бираҳонад зи тафриқай арбоб!

Зи ишқ кам гӯ бо ҷисмиён, ки эшонро
Вазифа хавфу риҷо омаду савобу ъиқоб!¹


¹ Азобу шиканҷа.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.