Чашмҳо во намешавад аз хоб

Чашмҳо во намешавад аз хоб,
Чашм бикшову ҷамъро дарёб!

Бингар, охир, ки беқарор шудаст
Чашм дар чашмхона чун симоб!

Гашт шаб деру халқ афтоданд
Чун ситора миёнаи маҳтоб!

Ҳам сиёҳиву ҳам сапедии ҷашм,
Аз майи хоб ҳар ду гашт хароб!

Ҷумла андешаҳо чу барг бирехт,
Гард биншаст бар ҳама асбоб!

Ақл шуд гӯшаеву мегӯяд:
"Ақл агар они туст, ҳин, дарёб!".

Бангии шаб, нигар, ки чун додаст
Ҷумлаи халқро аз ин бангоб!

Чашм дар айну ғайн афтодаст,
Кор бигзашт аз суолу ҷавоб!

Он суворони тезандеша
Ҳама монданд чун харон ба халоб!¹


¹ Ботлох, ҷумҷума.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.