Биёед, биёед, ки гулзор дамидаст

Биёед, биёед, ки гулзор дамидаст,
Биёед, биёед, ки дилдор рамидаст!

Биёред, ба якбор ҳама ҷону ҷаҳонро,
Ба хуршед супоред, ки хуш теғ кашидаст!

Бар он зишт бихандед, ки ӯ нор намеояд,
Бар он ёр бигирйед, ки аз ёр буридаст!

Ҳама шаҳр бишӯред, чу овоза афтод,
Ки девона дигар бор зи занҷир раҳидаст!

Чи рӯз асту чи рӯз аст чунин рӯзи қиёмат?!
Магар номай аъмол зи офоқ паридаст?!

Бикӯбед дуҳулҳову дигар ҳеч магӯед,
Чи ҷойи дилу ақл аст, ки ҷон низ рамидаст!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.