Самоъ ороми ҷони зиндагон аст

Самоъ ороми ҷони зиндагон аст,
Касе донад, ки ӯро ҷони ҷон аст!

Касе хоҳад, ки ӯ бедор гардад,
Ки ӯ хуфта миёни бӯстон аст?!

Вале он, к-ӯ ба зиндон хуфта бошад,
Агар бедор гардад, дар зиён аст!

Самоъ он ҷо бикун, к-он ҷо арӯсист,
На дар мотам, ки он ҷойи фиғон аст.

Касе, к-ӯ ҷавҳари худро надидаст,
Касе, к - он моҳ аз чашмаш ниҳон аст!

Чунин касро самоъу даф чӣ бояд?!
Самоъ аз баҳри васли дилситон аст!

Касонеро, ки рӯшон сӯйи қибла-ст,
Самоъи ин ҷаҳону он ҷаҳон аст!

Хусусан, ҳалқае, к-андар самоъанд,
Ҳамегарданду Каъба дар миён аст!

Агар кони шакар хоҳӣ, ҳамон ҷост,
В-ар ангишти шакар, худ ройгон аст!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.