Зи ҳамроҳон ҷудойӣ маслаҳат нест

Зи ҳамроҳон ҷудойӣ маслаҳат нест,
Сафар бе рӯшнойӣ маслаҳат нест!

Чу мулки подшоҳӣ дида бошӣ,
Пас аз шоҳӣ гадойӣ маслаҳат нест!

Шуморо бо шумо мехонад он ёр,
Шуморо ин шумойӣ маслаҳат нест!

Чу хони осмон омад ба дунё,
Аз ин пас бенавойӣ маслаҳат нест.

Дар ин матбах, ки қурбон аст ҷонҳо,
Чу дунон нонрабойӣ маслаҳат нест!

Бигӯ он ҳирсу ози роҳзанро,
Ки макру баднамойӣ маслаҳат нест!

Чу подорӣ, бирав дасте биҷунбон,
Туро бедаступойӣ маслаҳат нест!

Чу пойи ту намонад, пар диҳандат
Ки бе пар дарҳавойӣ маслаҳат нест!

Чу пар ёбӣ, ба сӯйи доми Ҳақ пар,
Ки аз домаш раҳойӣ маслаҳат нест!

Ҳумои Қофи қурбӣ, ай бародар,
Ҳуморо ҷуз ҳумойӣ маслаҳат нест!

Ҷаҳон ҷӯю сафо баҳру ту моҳӣ,
Дар ин ҷӯ ошнойӣ маслаҳат нест!

Хамуш бошу фанои баҳри Ҳақ шав,
Ба ҳанбози Худойӣ маслаҳат нест!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.