Ба ҷони ту, ки савганди азим аст

Ба ҷони ту, ки савганди азим аст,
Ки ҷонам бе ту дар банди азим аст!

Агарчи Хизр сероби ҳаёт аст,
Ба лаълат орзуманди азим аст!

Суханҳо дорам аз ту бо ту бисёр,
Вале хомушиям банди азим аст!

Ҳар он, к-аз бими ту хомӯш бошад,
Агарчи хар, хирадманди азим аст!

Ҳар он кас, к-ӯ ҳунарро тарк гӯяд
Зи баҳри ту, ҳунарманди азим аст!

Фикандам хешро чун соя пешат,
Фикандан пешат афканди азим аст!

Ки Бағдоди туро доди бузург аст,
Самарқанди туро қанди азим аст!

Ҳарисам кард тамъи доди қандат,
Агарчи банда хурсанди азим аст!

Буридастӣ маро аз хешу пайванд,
Ки дилро бо ту пайванди азим аст!

Хамуш кун ҳамчу ишқ, ай зодаи ишқ,
Агарчи гуфт фарзанди азим аст!

Рикоби Шамси Табрезӣ гирифтам,
Ки зини Шамс зарканди азим аст!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.