Аё соқӣ, туйӣ қозии ҳоҷот

Аё соқӣ, туйӣ қозии ҳоҷот,
Шаробе диҳ, ки орад дар муроъот!

Чунон гаштам зи мастиву харобӣ,
Ки нашносам ишорот аз иборот!

Падар бар хумми хамрам вақф кардаст,
Сабилам кард модар бар харобот!

Ду гӯшам баст Яздон, то раҳидам
Зи ҳоли диву фардову хурофот!

Дигаргун аст кӯйи аҳли тамйиз,
Ки он ҷо расми тоъот асту зиллот!

Дар ин кӯ кадхудо шоҳест боқӣ,
Фурӯ рӯбида ин кӯро зи офот!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.