Дар шаҳри шумо яке нигорест

Дар шаҳри шумо яке нигорест,
К-аз вай дилу ақл беқарорест!

Ҳар нафсеро аз ӯ насибест,
Ҳар боғеро аз ӯ баҳорест!

Дар ҳар кӯйе аз ӯ фиғонест,
Дар ҳар роҳе аз ӯ ғуборест!

Дар ҳар гӯше аз ӯ самоъест,
Ҳар чашм аз ӯ дар иътиборест!

Дар кор шавед, ай ҳарифон,
К-ин ҷо моро азим корест!

Пинҳон ёре ба гӯши ман гуфт,
К-ин ҷо пинҳон латиф ёрест!

Ӯ буд, ки ба ин тариқ мегуфт,
К-аз таъбияҳош дил низорест!

Ӯ буд расули хешу мурсал,
К-он лаҳҷа аз они шаҳрёрест!

Навҳа-сту амони ғарқагон аст,
Рӯҳ асту ниҳону ошкорест!

Гирди турушон магард з-ин пас,
Чун паҳлуи ту шакарнисорест!

Гирди шакарони табъ кам гард.
К-он шаҳват низ баргузорест.

Ин ҷо шакарест бениҳоят,
Ин ҷо сари вақти пойдорест!

Хомӯш кун, ай дилу мапиндор,
К-ӯро ҳаддест ё канорест!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.