Хидмати бе дӯстиро қадру қимат ҳаст?! Нест!

Хидмати бе дӯстиро қадру қимат ҳаст?! Нест!
Хидмат андар даст ҳасту дӯстӣ дар даст нест!

Дӯстӣ дар андарун худ хидмате пайваста аст,
Ҳеч хидмат ҷуз муҳаббат дар ҷаҳон пайваст нест!

В-ар ту мастӣ менамойӣ, дар муҳаббат чун найӣ,
Ишқ гӯяд: "Дӯғ хурду дӯғ хурд, ӯ маст нест!"

Пасту боло чанд ёзад аз такаллуф дар ҳаво,
Чанд худро паст дорад он касе, к - ӯ паст нест?!

Ҳамчу моҳӣ монда дар доми ҷаҳон з-он баҳр дур
В-онгаҳон пиндошта худро, ки андар шаст нест!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.