Мутрибо, ин парда зан, к-он ёри мо маст омадаст

Мутрибо, ин парда зан, к-он ёри мо маст омадаст,
В-он ҳаёти босафои бовафо маст омадаст!

Гар либоси қаҳр пӯшад чун шарар, бишносамаш,
К-ӯ бад-ин шева бари мо борҳо маст омадаст!

Оби моро гар бирезад в - ар сабӯро бишканад,
Ай бародар, дам мазан, к-ин дам сақо маст омадаст!

Мефиребам масти худро, ӯ табассум мекунад,
К-ин салимулқалбро бин, к-аз куҷо маст омадаст!

Он касеро мефиребӣ, к-аз камина ҳарфи ӯ
Обу оташ бехуду хоку ҳаво маст омадаст?!

Гуфтамаш: "Гар ман бимирам, ту расӣ бар гӯри ман,
Барҷаҳам аз гӯри худ, к-он хушлиқо маст омадаст!"

Гуфт: "Он, к-ин дам пазирад, кай бимирад ҷони ӯ,
Бо Худо боқӣ бувад он, к-аз Худо маст омадаст!"

Ишқи бечун бин, ки ҷонро чун қадаҳ пур мекунад,
Рӯйи соқӣ бин, ки хандон аз бақо маст омадаст!

Ёри мо ишқ асту ҳар кас дар ҷаҳон ёре гузид,
К-аз аласт ин ишқ бе мову шумо маст омадаст!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.