Чанд гӯйӣ, ки чи чора-сту маро дармон чист?!

Чанд гӯйӣ, ки чи чора-сту маро дармон чист?!
Чораҷӯянда кӣ кардаст туро, худ он чист?!

Чанд бошад ғами онат, ки зи ғам ҷон бибарам,
Худ набошад ҳаваси он, ки бидонӣ ҷон чист!

Бӯйи ноне, ки расидаст, бар он бӯй бирав,
То ҳамон бӯй диҳад шарҳ туро, к-ин нон чист!

Гар ту ошиқ шудайӣ, ишқи ту бурҳони ту бас,
В-ар ту ошиқ нашудӣ, пас талаби бурҳон чист?!

Ин қадар ақл надорӣ, ки бибинӣ, охир,
Ки на шоҳест, пас ин боргаҳи султон чист?!

Гар на андар тутуқи азрақ зеборӯест,
Дар кафи рӯҳ чунин машъалаи тобон чист?!

Чунки аз дур дилат ҳамчу занон меларзад,
Ту чи донӣ, ки дар он ҷанг дили мардон чист?!

Оташи дидаи мардон ҳуҷуби ғайб бисӯхт,
Ту паси парда нишаста, ки ба ғайб имон чист?!

Шамси Табрез агар нест муқим андар чашм,
Чашмаи шаҳд аз ӯ дар буни ҳар дандон чист?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.