Дилбариву бедилӣ асрори мост

Дилбариву бедилӣ асрори мост,
Кор кори мост, чун ӯ ёри мост!

Навбати куҳнафурӯшон даргузашт,
Навфурӯшонему ин бозори мост!

Навбаҳоре, к-ӯ ҷаҳонро нав кунад,
Ҷони гулзор аст, аммо зори мост!

Ақл агар султони ин иқлим шуд,
Ҳамчу дузд овехта бар дори мост!

Он ки Афлотуну Ҷолинуси мост,
Пур фанову иллату бемори мост!

Гову моҳии саро қурбони мост,
Шери гардунӣ ба зери бори мост!

Ҳар чи аввал заҳр буд, тарёқ шуд,
Ҳар чи он ғам буд, кунун ғамхори мост!

Даъвии шерӣ кунад ҳар шергир,
Шергиру шери ӯ кафтори мост!

Тарки хешу тарки хешон мекунем,
Ҳар чи хеши мо, кунун ағёри мост!

Худпарастӣ номуборак ҳолатест,
К-андар ӯ имони мо инкори мост!

Ҳар ғазал, к-он бе ман ояд, хуш бувад,
К-ин наво бефар зи чангу тори мост!

Шамси Табрезӣ ба нури Зулҷалол
Дар ду олам мояи иқрори мост!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.