Инчунин побанди ҷон майдони кист?!

Инчунин побанди ҷон майдони кист?!
Мо шудем аз даст, ин дастони кист?!

Ишқ гардон кард соғарҳои хос,
Ишқ медонад, ки ӯ гардони кист!

Ҷон ҳаёте дод кӯҳу даштро,
Ай Худоё, ай Худоё, ҷони кист?!

Ин чи боғ аст, ин ки ҷаннат масти ӯст,
В-ин бунафша-в савсану райҳони кист?!

Шохи гул аз булбулон гӯётар аст,
Сарв рақсон гашта, к-ин бустони кист!

Ёсуман гуфто: "Нагӯйӣ бо суман,
К-инчунин наргис зи наргисдони кист!"

Чун бигуфтам, ёсуман хандиду гуфт:
"Бехудам ман, менадонам кони кист!"

Медавад чун гӯйи заррин офтоб,
Ай аҷаб, андар хами чавгони кист?!

Моҳ ҳамчун ошиқон андар паяш,
Фарбиҳу лоғар шуда "ҳайрони кист?!

Абри ғамгин дар ғаму андеша-аст,
Сар пури оташ, аҷаб, гирёни кист?!

Чархи азрақпӯши равшандил, аҷаб.
Рӯзу шаб сармасту саргардони кист?!

Дард ҳам аз дарди ӯ пурсон шуда,
К - ай аҷаб, ин дарди бедармони кист?!

Шамси Табрезӣ кушодаст ин гираҳ,
Ай аҷаб, ин қудрату имкони кист?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.