Имрӯз шаҳри моро сад равнақ асту ҷон аст

Имрӯз шаҳри моро сад равнақ асту ҷон аст,
Зеро ки шоҳи хубон имрӯз дар миён аст!

Ҳайрон чаро набошад, хандон чаро набошад
Шаҳре, ки дар миёнаш он сорими¹ замон аст?!

Он офтоби хубӣ чун бар замин битобад,
Он дам замини хокӣ биҳтар зи осмон аст!

Бар чархи сабзпӯшон пар мезананд, яъне
Султону хусрави мо он асту сад чунон аст!

Ай ҷони ҷони ҷонон, аз мо салом бархон,
Раҳм ор бар заъифон, ишқи ту беамон аст!

Чун сабзу хуш набошад олам, чу ту баҳорӣ,
Чун эманӣ набошад, чун шер посбон аст?!

Чун кӯфт ӯ дари дил, ноомада ба манзил,
Донист ҷон зи бӯяш, к-он ёри миҳрбон аст!

Он, к-ӯ кашид дастат, ӯ офаридаастат,
В-он, к-ӯ қариби ҷон шуд, ӯ соҳиби қирон аст!

Ӯ моҳи бехусуф аст, хуршеди бекусуф аст,
Ӯ хамри бехумор аст, ӯ суди безиён аст!

Он шаҳрёри аъзам базме ниҳод хуррам,
Шамъу шаробу шоҳид имрӯз ройгон аст!

Чун маст гашт мардум, шуд гавҳараш бараҳна,
Паҳлӯ шикаст ъиззу онро з-он кас, ки паҳлавон аст!

Даллола чун сабо шуд, аз хор гул ҷудо шуд,
Борон наботҳоро дар боғ имтиҳон аст!

Бе нозанинӣ кай кард нозу бинӣ,
Ҳар кас, ки кард, валлаҳ, хом асту қалтабон аст!

Хомуш, ки то бигӯяд беҳарфу безабон ӯ,
Худ чист ин забонҳо, гар он забон забон аст?!


¹ Сорим – шамшер.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.