Соқӣ, биёр бода, ки айём бас хуш аст

Соқӣ, биёр бода, ки айём бас хуш аст,
Имрӯз рӯзи бодаву хиргоҳу оташ аст!

Соқӣ зарифу бода латифу замон шариф,
Маҷлис чу чарх равшану дилдор маҳваш аст!

Бишнав навои ной, к-аз он нафҳа бонавост,
Даркаш шароби лаъл, ки ғам дар кашокаш аст!

Имрӯз ғайри тавба набинӣ шикастайе,
Имрӯз зулфи дӯст бувад, к - он мушавваш аст!

Ҳафтод бор тавба кунад шаб Расули Ҳақ,
Тавбашикан Ҳақ аст, ки тавба мухаммаш аст!

Он сурати ниҳон, ки ҷаҳон дар ҳавои ӯст,
Бар обу гил ба қудрати Яздон мунаққаш аст!

Имрӯз ҷон биёбад, ҳар ҷо, ки мурдаест,
Чашме дигар кушояд, чашме, ки аъмаш аст!

Шохе, ки хушк нест, зи оташ мусаллам аст,
Аз тир ғам надорад сағрӣ,¹ ки таркаш аст!

Дар ошиқе нигар, ки рухаш бӯсагоҳи ӯст,
Мангар бад-он, ки зарду заъифу мукармаш аст!

Бас тан амири хоку дилаш бар фалак асир,
Бас дона зери хоки дарахташ мунаъъаш аст!

Дар хок кай бувад, ки дилаш ганҷи гавҳар аст,
Дилтанг кай бувад, ки дилором дар каш аст!

Ай мурдашӯйи ман, занахамро бибанд сахт,
Зеро ки бе даҳон дилу ҷонам шакарчаш аст!

Хомуш, занах мазан, ки туро мурдашӯй нест,
Зоти туро мақом на панҷ асту не шаш аст!


¹ Карал, сурин, рон.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.