Моро канор гир, туро худ канор нест

Моро канор гир, туро худ канор нест,
Ошиқ навохтан, ба Худо, ҳеч ор нест!

Беҳадду беканорӣ, н-ойӣ ту дар канор,
Ай баҳри беамон, ки туро зинҳор нест!

З-он шаб, ки моҳи хеш намудӣ ба ошиқон,
Чун чархи беқарор касеро қарор нест!

Ҷуз файз баҳри фазли ту моро умед нест,
Ҷуз гавҳари санои ту моро нисор нест!

То кору бори ишқ ҳавои ту дидаем,
Моро таҳайюрест, ки бо кор кор нест!

Як мир вонамо, ки туро ӯ асир нест,
Як шер вонамо, ки туро ӯ шикор нест!

Мурғони ҷастаем зи сад дом мардвор,
Домест доми ту, ки аз ин сӯ матор нест!

Омад расули ишқи ту чун соқии сабӯҳ,
Бо ҷоми бодае, ки мар онро хумор нест!

Гуфтам, ки нотавонаму ранҷурам аз фироқ,
Гуфто: "Бигир, ҳин, ки гаҳи иътизор нест!

Гуфтам: "Баҳона нест, ту худ ҳоли ман бибин,
Мапзир узри банда, агар зор - зор нест!

Корам ба як дам омад аз дамдамай ҷафо,
Ҳангоми мурдан аст, замони иқор нест!"

Гуфто, ки ҳоли хеш фаромӯш кун, бигир,
Зеро ки ошиқонро ҳеч ихтиёр нест!

То нагзарӣ зи роҳату ранҷу зиёди хеш,
Сӯйи муқаррабони висолат гузор нест!

Обе бизан аз ин маю биншон ғубор ҳуш,
Ҷуз моҳи ишқ, ҳар чи бувад, ҷуз ғубор нест!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.