Ҳар нафас овози ишқ мерасад... Боз чу киштӣ шикаст, навбати васлу лиқост?!

Ҳар нафас овози ишқ мерасад аз чап ва рост,
Мо ба фалак меравем, азми тамошо кирост?!

Мо ба фалак будаем, ёри малак будаем,
Боз ҳамон ҷо равем ҷумла, ки он шаҳри мост!

Худ зи фалак бартарем, в - аз фалак афзунтарем,
З-ин ду чаро нагзарем?! Манзили мо кибриёст!

Гавҳари пок аз куҷо?! Одами хок аз куҷо?!
Бар чи фуруд омадед, бор кунед, ин чи ҷост?!

Бахти ҷавон ёри мо, додани ҷон кори мо,
Қофиласолори мо - фахри ҷаҳон Мустафост!

Аз маҳи ӯ маҳ шикофт, дидани ӯ барнатофт,
Моҳ чунон бахт ёфт, ӯ, ки камина гадост!

Бӯйи хуши ин насим аз шикани зулфи ӯст,
Шаъшаъаи ин хаёл з - он рухи чун ваззуҳост!

Дар дили мо дарнигар ҳар дами шаққи қамар,
К - аз назари он назар чашми ту он сӯ чарост?!

Халқ чу мурғобиён зода зи дарёи ҷон,
Кай кунад ин ҷо мақом мурғ, к - аз он баҳр хост?!

Балки ба дарё-дарем, ҷумла дар ӯ ҳозирем,
Варна зи дарёи дил мавҷ паёпай чарост?!

Омад мавҷи аласт, киштии қолаб бибаст,
Боз чу киштӣ шикаст, навбати васлу лиқост?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.