Кор надорам ҷуз ин, коргаҳу корам ӯст

Кор надорам ҷуз ин, коргаҳу корам ӯст,
Лоф занам, лоф, лоф, чунки харидорам ӯст!

Тӯтии гӯё шудам, чун шакаристонам ӯст,
Булбули бӯё шудам, чун гулу гулзорам ӯст!

Пар ба малак барзанам, чун пару болам аз ӯст,
Сар ба фалак барзанам, чун сару дасторам ӯст!

Ҷону дилам сокин аст, чунки дилу ҷонам ӯст,
Қофилаам эман аст, қофиласолорам ӯст!

Бар масали гулситон рангразам хумми ӯст,
Бар масали офтоб теғи гуҳардорам ӯст!

Хонаи ҷисмам чаро саҷдагаҳи халқ шуд?!
З-он ки ба рӯзу ба шаб бар дару деворам ӯст!

Даст ба дастат ҷуз ӯ менасупорад дилам,
З-он ки табиби ғами ин дили беморам ӯст!

Бар рухи ҳар кас, ки нест доғи ғуломии ӯ,
Гар падари ман бувад, душману ағёрам ӯст!

Ай ки ту муфлис шудӣ, санг ба дил барзадӣ,
Силла зи ман хоҳ, з - онк махзану анборам ӯст!

Шоҳ маро хондааст, чун наравам пеши шоҳ?!
Мункири ӯ чун шавам?! Чун ҳама иқрорам ӯст.

Гуфт: "Хамуш, чанд - чанд лофи туву гуфти ту?!",
Ман чӣ кунам, ай азиз, гуфтани бисёрам ӯст!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.