Ай ғам, агар мӯ шавӣ, пеши манат бор нест

Ай ғам, агар мӯ шавӣ, пеши манат бор нест,
Дар шакаринай, яқин сиркаи инкор нест!

Гарчи ту хунхорайӣ, раҳзану айёрайӣ,
Қиблаи мо ғайри он дилбари айёр нест!

Кони шакарҳост ӯ, мастии сарҳост ӯ,
Раҳ набарад бо вай он-к мурғи шакархор нест!

Ҳар ки диле доштаст, бандаи дилбар шудаст,
Ҳар ки надорад диле, толиби дилдор нест!

Кал чӣ кунад шонаро чунки варо мӯй нест?!
Пуд чи кор оядаш, он ки варо тор нест?!

Бо сари майдон чи кор, он ки бувад харсувор,
То чи кунад сайрафӣ, ҳар к-аш динор нест!

Ҷони Калиму Халил ҷониби оташ давон,
Ноз намояд, дар ӯ ҷуз гулу гулзор нест!

Ай ғам, аз ин ҷо бирав, варна сарат шуд гарав,
Ранги шаби тираро тоби маҳи ёр нест!

Ай ғами пурхор, рав, дар дили ғамхор рав,
Нуқли бахилонаат туъмаи хаммор нест!

Дидаи ғайни ту танг, мимат аз он тангтар,
Тунги матоъи туро ишқ харидор нест!

Ай ғами шодишикан, пуршакар аст ин даҳан,
К-аз шакарогандагӣ мумкини гуфтор нест!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.