Ҳар нафас овози ишқ мерасад... Гарчи дар ин обу гил дастгаҳи кимиёст!

Ҳар нафас овози ишқ мерасад аз чап ва рост,
Мо ба чаман меравем, азми тамошо кирост?!

Навбати хона гузашт, навбати бустон расид,
Субҳи саъодат дамид, вақти висолу лиқост!

Ай шаҳи сохибқирон, хез зи хоби гарон,
Маркаби давлат бирон, навбати васл они мост!

Табли вафо кӯфтанд, роҳи само рӯфтанд,
Айни шумо нақд шуд, насяи фардо куҷост?!

Рум баровард даст, зангии шабро шикаст,
Олами болову паст пурламаъону сафост!

Ай хунук онро, ки ӯ раст аз ин рангу бӯ,
З-он ки ҷуз ин рангу бӯ дар дилу ҷон рангҳост!

Ай хунук он ҷону дил, к-ӯ раҳад аз обу гил,
Гарчи дар ин обу гил дастгаҳи кимиёст!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.