Саъдии Шерозӣ

Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 26

Ҳокимеро ҳикоят кунанд, ки ҳезуми дарвешон харидӣ ба ҳайфу тавонгаронро додӣ ба тарҳ. Соҳибдиле бар ӯ гузар карду гуфт:

Морӣ ту, ки ҳар киро бибинӣ, бизанӣ,
Ё бум, ки ҳар куҷо нишинӣ, биканӣ.

* * *

Зӯрат ар беш меравад бо мо,
Бо Худованди ғайбдон наравад.
Зурмандӣ макун бар аҳли замин,
То дуое бар осмон наравад.

Ҳоким аз гуфтани ӯ биранҷиду рӯй аз насиҳати ӯ дарҳам кашид ва бар ӯ илтифот накард, то шабе оташи матбах дар анбори ҳезумаш афтод ва соири амволаш бисӯхт на аз бистари нармаш ба хокистари гарм нишонд. Иттифоқан ҳамон шахс бар ӯ бигузашт ва дидаш, ки бо ёрон ҳамегуфт:

- Надонам, ин оташ аз куҷо дар сарои ман афтод?

Гуфт:

- Аз дуди дили дарвешон.

Ҳазар кун зи дуди дарунҳои реш,
Ки реши дарун оқибат cap кунад.
Ба ҳам бармакун, то тавонӣ, диле,
Ки оҳе ҷахоне ба ҳам баркунад.

Бар тоҷи Кайхусрав набишта буд:

Чи солҳои фаровону умрҳои дароз,
Ки халқ, бар сари мо бар замин бихоҳад рафт.
Чунон ки даст ба даст омадаст мулк ба мо,
Ба дастҳои дигар ҳамчунин бихоҳад рафт.