Ишқ ҷуз давлату иноят нест

Ишқ ҷуз давлату иноят нест,
Ҷуз кушоди дилу ҳидоят нест!

Ишқро Бӯҳанифа дарс накард,
Шофиъиро дар ӯ ривоят нест!

Лояҷузу яҷуз то аҷал аст,
Илми ушшоқро ниҳоят нест!

Ошиқон ғарқаанд дар шакароб,
Аз шакар Мисрро шикоят нест!

Ҷони махмур чун нагӯяд шукр
Бодаеро, ки ҳадду ғоят нест?!

Ҳар киро пурғаму туруш дидӣ,
Нест ошиқ ва з-он вилоят нест!

Гар на ҳар ғунча пардаи боғест,
Ғайрату рашкро сироят нест!

Мубтадо бошад андар ин раҳ ишқ,
Он, ки ӯ воқиф аз бидоят нест!

Нест шав, нест аз худӣ, зеро
Батар аз ҳастият ҷиноят нест!

Ҳеч роъӣ машав, раъийят шав,
Роъие ҷуз сади риъоят нест!

Бас будӣ бандаро кафобиллаҳ,
Лекаш ин донишу кифоят нест!

Гӯяд: "Ин мушкилу киноёт аст!",
Ин сареҳ аст, ин киноят нест!

Пойи кӯре ба кӯзае барзад,
Гуфт: "Фаррошро виқоят нест!"

Кӯзаву коса чист бар сари раҳ?!
Роҳро з-ин хазаф нақоят¹ нест?!

Кӯзаҳоро зи роҳ баргиред,
Ё ки фаррош дар сиъоят² нест!

Гуфт: "Ай кӯр, кӯза бар раҳ нест,
Лек бар раҳ туро дироят³ нест!

Раҳ раҳо кардайӣ, суйи кӯза
Меравӣ, он ба ҷуз ғавоят⁴ нест!"

Хоҷа, ҷуз мастии ту дар раҳи дин
Ояте з-ибтидову ғоят нест!

Оятӣ туву толиби оят,
Биҳ зи оятталаб худ оят нест!

Бераҳӣ, варна дар раҳи кӯшиш
Ҳеч кӯшанда беҷароят⁵ нест!

Чунки мисқоли зарратин йараҳ аст,
Зарраи зилла⁶ беникоят⁷ нест!

Зарраи хайр бе кушоде нест,
Чашм бикшо, агар амоят⁸ нест!

Ҳар наботе нишонии об аст,
Чист, к- онро аз ӯ ҷабоят⁹ нест?!

Бас кун, ин обро нишониҳост,
Ташнаро ҳоҷати васоят нест!


¹ Тозагӣ.
² Туҳмат, бадгӯйӣ.
³ Ошнойӣ.
⁴ Иштибоҳ.
⁵ Музд.
⁶ Сураи зилзила.
⁷ Лағжиш.
⁸ Кӯрӣ.
⁹ Маҷрӯҳ шудан.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.