Қибла имрӯз ҷуз шаҳаншаҳ нест

Қибла имрӯз ҷуз шаҳаншаҳ нест,
Ҳар ки ояд бадар, бигӯ: "Раҳ нест!".

Узр гӯ в-аз баҳона огаҳ бош,
Ҳама хуфтанду як кас огаҳ нест!

Нагузорад на кӯтаҳу на дароз,
Оташе, к-ӯ дарозу кӯтаҳ нест!

Дар чаҳи табъи ту хаёлот аст,
Юсуфе бехаёл дар чаҳ нест!

Чунки гандум расиду мағз оганд,
Ҳамраҳи мосту ҳамраҳи каҳ нест!

Пора-пора кунад якоякро,
Ишқи он як, ки порае даҳ нест!

Гаҳ-гаҳе мекашанд гӯши туро
Сӯйи он оламе, ки гаҳ-гаҳ нест!

Шамси Табрез шоҳи туркон аст,
Рав ба саҳро, ки шаҳ ба хиргаҳ нест!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.