Андаро, айш бе ту шодон нест

Андаро, айш бе ту шодон нест,
Кист, к-ӯ бандаи ту аз ҷон нест?!

Ай ту дар ҷон чу ҷони мо дар тан
Сахт пинҳон, валек пинҳон нест!

Даст бар ҳар куҷо ниҳӣ, ҷон аст,
Даст бар ҷон ниҳодан осон нест!

Ҷон, ки софӣ шудаст дар қолаб,
Ҷуз ки ойинадори ҷонон нест!

Ҷамъ шуд офтобу маҳ ин дам,
Вақти афсонаи парешон нест!

Мастӣ афзун шудасту метарсам,
К-ин суханро маҷоли ҷавлон нест!

Даст диҳ бар даҳони ман, то ман
Он нагӯям, чу гуфтаро он нест!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.