Хез, ки имрӯз ҷаҳон они мост

Хез, ки имрӯз ҷаҳон они мост,
Ҷону ҷаҳон соқиву миҳмони мост!

Дар дилу дар дидаи деву парӣ
Дабдабаи фарри Сулаймони мост!

Рустами Дастону ҳазорон чу ӯ
Бандаву бозичаи дастони мост!

Бас набувад Мисри маро ин шараф,
Ин ки шаҳаш Юсуфи Канъони мост?!

Хез, ки фармондиҳи ҷону ҷаҳон
Аз карам имрӯз ба фармони мост!

Зуҳраву маҳ дафзани шодии мост,
Булбули ҷон масти гулистони мост!

Косаи азроқ паёпай шудаст,
Кисаи иқбол ҳарамдони мост!

Шоҳи шаҳӣ бахт тарабсози мост,
Ёри парирӯй парихони мост!

Он малаки мафхари чавгону гӯй,
Шукр, ки имрӯз ба майдони мост!

Он малики мамлакати ҷону дил
Дар дилу дар ҷони парешони мост!

Кист дар он гӯшаи дил танзада?!
Пешкашаш, гӯ, шакаристони мост?!

Хозини ризвон, ки майи ҷаннат аст,
Масти ризои дили ризвони мост!

Шӯр дарафкандаву пинҳоншуда,
Ӯ намаки умру намакдони мост!

Гӯша гирифтасту ҷаҳон масти ӯст,
Ӯ Хизиру чашмаи ҳайвони мост!

Чун намаки дегу чу ҷон дар бадан,
Аз ҳама зоҳиртару пинҳони мост!

Нест намояндаву худ ҷумла ӯст,
Худ ҳама моем, чу ӯ они мост!

Беш магӯ ҳуҷҷату бурҳон, ки ишқ
Дар хамушӣ ҳуҷҷату бурҳони мост!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.