Боз расидем зи майхона маст

Боз расидем зи майхона маст,
Боз раҳидем зи болову паст!

Ҷумлаи мастон хушу рақсон шуданд,
Даст занед, ай санамон, даст, даст!

Моҳиву дарё ҳама мастӣ кунанд,
Чунки сари зулфи ту афтод шаст!

Зеру забар гашт хароботи мо,
Хунб нагун гашту қароба шикаст!

Пири харобот чу он шӯр дид,
Бар сари бом омаду аз бом ҷаст!

Ҷӯш баровард яке май, к-аз ӯ
Ҳаст шавад нест, шавад нест ҳаст!

Шиша чу бишкасту ба ҳар сӯй рехт,
Чанд кафи пойи ҳарифон, ки хаст?!

Он ки сар аз пой надонад куҷост,
Маст фитодаст ба кӯйи аласт!

Бодапарастон ҳама дар ишратанд,
Тан-тани тан-тан шунав, ай танпараст!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.