Ай зи пагаҳ хоста сармаст, маст

Ай зи пагаҳ хоста сармаст, маст,
Масти шаробиву шароби аласт!

Ишқ расонид туро ҳамчу ҷом
Аз бари мо то бари худ даст-даст!

Бозуйи ту қавси Худо ёфт, ёфт,
Тири ту аз чарх бурун ҷаст, ҷаст!

Ҳар гуҳаре, к-он зи хазинай Худост,
Дар ду лаби лаъли ту он ҳаст, ҳаст!

Фош шуд ин ишқи ту бе қасди мо,
Банд бидаррид, зи дил ҷаст, ҷаст!

Фош шуд он роз, ки дар нимшаб
Зери забон гуфта будам паст-паст!

Кирм хурад чӯбу бирӯяд зи чӯб,
Ишқ зи ман русту маро хаст, хаст!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.