Моҳ дидам, шуд маро савдои чарх

Моҳ дидам, шуд маро савдои чарх,
Он маҳе не, к-ӯ бувад болои чарх!

Ту зи чархӣ, бо ту мегӯям зи чарх,
Варна ин хуршедро чӣ ҷои чарх?!

Зуҳраро дидам, ҳамезад чанг дӯш,
Ай ҳама чун дӯши мо шабҳои чарх!

Ҷони ман бо ахтарони осмон
Рақс-рақсон гашта дар паҳнои чарх!

Дар фироқи офтоби ҷон, бибин,
Аз шафақ пурхун шуда симои чарх!

Сар фурӯ кун як даме аз боми чарх,
То занам ман чархҳо дар пои чарх!

Санг аз хуршед шуд ёқуту лаъл,
Чашм аз хуршед шуд бинои чарх!

Моҳ худ бар осмони дигар аст,
Акси он моҳ аст дар дарёи чарх!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.