Гар ҷони ошиқ дам занад, оташ дар ин олам занад

Гар ҷони ошиқ дам занад, оташ дар ин олам занад,
В-ин олами беаслро чун зарраҳо барҳам занад!

Олам ҳама дарё шавад, дарё зи ҳайбат ло шавад,
Одам намонад в-одамӣ, гар хеш бо одам занад!

Дуде барояд аз фалак, не халқ монад, не малак,
З-он дуд ногаҳ оташе бар гунбади аъзам занад!

Бишкофад он гаҳ осмон, не кавн монад, не макон,
Шӯре дарафтад дар ҷаҳон в - ин сур бар мотам занад!

Гаҳ обро оташ барад, гаҳ об оташро х(в)арад,
Гаҳ мавҷи дарёи адам бар ашҳабу адҳам занад!

Хуршед афтад дар камӣ аз нури ҷони одамӣ,
Кам пурс аз номаҳрамон, он ҷо, ки маҳрам кам занад!

Миррих бигзорад парӣ, дафтар бисӯзад Муштарӣ,
Маҳро намонад миҳтарӣ, шодии ӯ бар ғам занад!

Афтад Аторуд дар ваҳал, оташ дарафтад дар Зуҳал,
Заҳра намонад Зуҳраро, то пардаи хуррам занад!

Не қавс монад, не қузаҳ, не бода монад, не қадаҳ,
Не айш монад, не фараҳ, не захм бар марҳам занад!

Не об наққошӣ кунад, не бод фаррошӣ кунад,
Не боғ хушбошӣ кунад, не абри найсон нам занад!

Не дард монад, не даво, не хасм монад, не гуво,
Не ной монад, не наво, не чанг зеру бам занад!

Асбоб дар боқӣ шавад, соқӣ ба худ соқӣ шавад,
Ҷон Раббиялаъло гувад, дил Раббиялаълам занад!

Барҷаҳ, ки наққоши азал бори дувум шуд дар амал,
То нақшҳои бебадал бар кисвати муълам занад!

Ҳақ оташе афрӯхта, то ҳар чи ноҳақ, сӯхта,
Оташ бисӯзад қалбро, бар қалби он олам занад!

Хуршеди ҳақдил шарқи ӯ, шарқе, ки ҳар дам барқи ӯ
Бар пӯраи Адҳам ҷаҳад, бар Исии Марям занад!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.