Рав, он рубобиро бигӯ: "Мастон саломат мекунанд!"...

Рав, он рубобиро бигӯ: "Мастон саломат мекунанд!"
В-он мурғи обиро бигӯ: "Мастон саломат мекунанд!"

В-он мири соқиро бигӯ: "Мастон саломат мекунанд!"
В-он умри боқиро бигӯ: "Мастон саломат мекунанд!"

В-он мири ғавғоро бигӯ: "Мастон саломат мекунанд!"
В-он шӯру савдоро бигӯ: "Мастон саломат мекунанд!"

Ай маҳ зи рухсорат хиҷил, мастон саломат мекунанд,
В-ай роҳату ороми дил, мастон саломат мекунанд!

Ай ҷони ҷон, ай ҷони ҷон, мастон саломат мекунанд,
Ай ту чунину сад чунон, мастон саломат мекунанд!

Ин ҷо яке бохеш нест, мастон саломат мекунанд,
Як маст ин ҷо беш нест, мастон саломат мекунанд!

Ай орзуи орзу, мастон саломат мекунанд,
Он пардаро бардор з - ӯ, мастон саломат мекунанд!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.