Пунба зи гӯш дур кун, бонги наҷот мерасад

Пунба зи гӯш дур кун, бонги наҷот мерасад,
Оби сиёҳ- дар марав, к-оби ҳаёт мерасад!

Навбати ишқ Муштарӣ бар сари чарх мезанад,
Баҳри равони ошиқон сад салавот мерасад!

Ҷумла чу шаҳду шир шав в-аз худи худ фақир шав,
З - он ки зи шаҳ фақирро ушру закот мерасад!

Раҳмати ӯст, к-обу гил толиби дил ҳамешавад,
Ҷазбаи ӯст, к-аз башар савму салот мерасад!

Дар зуламоти ибтило сабр куну макун ибо,
К-оби ҳаёт Хизрро дар зуламот мерасад!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.