Ин рухи ранг-ранги ман ҳар нафасе чӣ мешавад?!

Ин рухи ранг-ранги ман ҳар нафасе чӣ мешавад?!
Беҳавасӣ макун, бибин, к-аз ҳавасе чӣ мешавад?!

Дузди дилам ба ҳар шабе дар ҳаваси шакарлабе,
Дар сари кӯйи шабравон аз асасе чӣ мешавад?!

Ҳеч диле нишон диҳад, ҳеч касе гумон барад,
К-ин дили ман зи оташи ишқи касе чӣ мешавад?!

Он шакари чу барфи ӯ в-он асали шигарфи ӯ,
Аз сари лутфу нозукӣ аз магасе чӣ мешавад?!

Ишқи ту софу содае, баҳри сифаткушодае,
Чунки дар он ҳамефитад хору хасе, чӣ мешавад?!

Аз Табрез Шамси дин даст дароз мекунад,
Сӯйи дилу дили ман аз дастрасе чӣ мешавад?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.